Трамп ба Путин занг зад: раисҷумҳурони Амрико ва Русия дар чӣ хусус сӯҳбат карданд?

Сарони давлатҳо имконияти ҳамкориҳои зичро дар мубориза алайҳи маризии сироятии коронавирус баррасӣ намуда, ҳамчунин дар масъалаи машваратҳои дуҷониба дар бозори ҷаҳонии нафт мувофиқа карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Кишвардорони Русия ва ИМА, Владимир Путин ва Доналд Трамп бо ибтикори ҷониби Амрико гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд, хабар медиҳад вебсайти Кремл.

Ҷузъиёти сӯҳбати телефонии Путин ва Трамп маълум шуд

Ба иттилои манбаъ, сарони давлатҳо аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус шадидан изҳори нигаронӣ намуда, сари пиёда кардани муборизаи муштарак бо ин беморӣ ба мувофиқа расиданд.Онҳо имконоти ҳамкории наздиктари ду кишвар дар ин самтро муҳокима карданд.

"Дар бораи вазъи кунунии бозори ҷаҳонии нафт низ табодули назар карда шуд. Ҷонибҳо баррасии амиқи ин масъаларо ба дӯши вазирони энергетика вогузор намуданд", - иттилоъ доданд хадамоти матбуоти Кремл.

Трамп ба Путин занг зад: сӯҳбати телефонии президентҳо

Ғайр аз ин, Путин ва Трамп барои идома додани тамоси шахсӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Тибқи маълумоти охирин, 745 308 нафар дар ҷаҳон аллакай мубталои маризии сироятии коронавирус гардида, беш аз 35 ҳазор нафар фавтиданд, тақрибан 157 ҳазор нафар шифо ёфтанд.
Зимнан, бояд гуфт, ки нархи нафт дар пасманзари бурузи маризии сироятии коронавирус сар аз моҳи январ, рӯ ба коҳиш ниҳод.

Ҳоло нархи нафти бренди машҳури Brent 10,47 фоиз коҳиш ёфта, барои як баррел 22,32 долларро ташкил медиҳад.