Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Супоришҳои Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва сохторҳои зертобеъи он супориш додааст, ки тавассути ВАО корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Рӯзи 30 март таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Созмони "Нур" хабари ошкор шудани се ҳолати коронавирус миёни тоҷикони Маскавро рад кард

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ин ҷаласа вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ - коронавирус гузориш додааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон то 30 марти соли 2020 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Амри Президент барои пешгирӣ аз коронавирус: дастур ба Прокурори генералӣ ва Расулзода

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорат ва сохторҳои зертобеъи он супориш додааст, ки тавассути ВАО корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр намоянд.

"Дастур дода шудааст, ки барои тарбияи мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ, чораҳои мушаххас андешида шуда, дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хоб, бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак, тезонида шавад", - омадааст дар хабарнома.

Дар охири кори маҷлис, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатиро ба иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷ, вусъати кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта, шолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, кишти такрорӣ ҷалб кардааст.