Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз шифо ёфтани 165 ҳазор маризи коронавирус хабар дод

Созмони ҷаҳонии беҳдошт маълумоти ахир дар бораи мубталоёни маризии коронавирус, шифоёфтагон аз ин дард ва ҳамчунин теъдоди қурбониёнро нашр намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, феълан дар сартосари ҷаҳон беш аз 785 ҳазор нафар мубталои коронавирус гардида, 165 ҳазор дардманд шифо ёфтаанд. Ҳамчунин 37 ҳазор маризи коронавирус ба ҳалокат расидаанд.

Чин барои пешгирӣ аз коронавирус ба Тоҷикистон кӯмак ирсол намуд

Ба иттилои ин созмон, то 31 - уми март дар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Русия 1836 ҳолат, Украина – 548, Арманистон – 482, Қазоқистон – 308, Молдова – 298, Озарбойҷон – 273, Беларус – 152, Ӯзбекистон – 150 ва Қирғизистон — 94 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар баробари зиёд шудани теъдоди гирифторони ин маризӣ, шумораи шифоёфтагон низ рӯ ба афзоиш аст. То имрӯз дар Русия 66 нафар, Беларус — 32, Арманистон — 30, Озарбойҷон — 26,  Қазоқистон — 21, Молдова — 15, Украина – 8, Ӯзбекистон – 7 ва  Қирғизистон – 3 нафар шифо ёфта, аз бемористн аллакай мураххас гардидаанд.

Чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест?: шарҳи чанд сабаб

Ҳамчунин, дар Русия  9 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус, Украина – 13, Озарбойҷон – 4, Арманистон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Шумори гирифторони коронавирус дар Русия меафзод: 302 ҳолат дар як шабонарӯз

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 170 нафарро ташкил медиҳад, ки ду каси онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 164 253 нафарро ташкил медиҳад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 101 739 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 11 591 нафарро ташкил медиҳад.

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 87 956 нафар мубталои коронавирус шудаанд.