Даргузашти Ҷалилов собиқ узви Маҷлиси миллӣ, аъзои ҲХДТ

Анвар Ҷалилов, вакили пешини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд дар сини 67-солагӣ аз олам даргузаштааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Суғд бо нашри хабари расмӣ даргузашти нобаҳангоми Ҷалиловро барои ҳамсафони ҳизбияш пурандӯҳ ва гаронбор хондааст.

Наваду чор соли пурбаракат: вопасин иштирокдори ҶБВ аз Хуҷанд даргузашт

КИ ҲХДТ бо нашри иттилоъ, Анвар Расулович Ҷалиловро, аз поягузорони асосии ин ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар Суғд донистааст, ки ӯ то нафаси охирин ва ҳудуди 25 соли умри худро дар кору пайкори ин ҳизб бахшидааст.

Марг дар саҳна: мудел ба банди пойафзол печиду даргузашт-видео

То ин муддат ӯ ба сифати раис ва ҳамчунин муовини раиси Кумитаи мҷроияи ин ҳизб дар Суғд фаъолият бурда, солҳои 2010-2015, дар даъвати чорум як дафъа узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

ҲХДТ мегуяд, Ҷалилов баъди баромадан ба нафақа, раиси шӯрои собиқадорони ин ҳизб дар Суғдро бар уҳда дошт.