Рухсатии донишҷӯёни Ӯзбекистон дар Суғд: то коронавирус нобуд нашавад дар хона бимонед

Барои садҳо донишҷӯи ӯзбекистонии макотиби олии вилояти Суғд иҷозат дода шудааст, ки то коҳишёбии шиддати хуруҷи бемории коронавирус ё COVID-19 фориғ аз таҳсили донишгоҳҳо дар кишвари худ боқӣ монанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Мактабҳои олии вилояти Суғд эълон намуанд, ки ин тасмим дар пайи гуфтушуниди масъулини Вазоратҳои маорифи кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимолияти паҳни бемории коронавирус гирифта шудааст.

Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

“Қабл аз он, ки Вазоратҳои хориҷии кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон басташавии гузаргоҳҳои сарҳадиро расман эълон намуданд, аз Вазорати маориф дастур доданд, ки барои донишҷӯёни ӯзбекистонӣ рухсат диҳем то ба кишвари худ баргарданд.”, таъкид намуд як манбаъ аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

 Бино ба гуфти манбаъ, рухсатдиҳӣ муваққатӣ буда ва феълан он ба теъдоди донишҷӯёне, дода шудааст, ки дар бахшҳои рӯзонаи донишгоҳҳо таҳсил мекунанд.

Ҳоло машғулиятҳо барои донишомӯзоне, ки дар бахшҳои ғоибонаи донишгоҳҳо таҳсил мекунанд шурӯъ нашудааст ва қарор аст он ба моҳҳои баъдӣ гузаронида шавад.

Бар пояи маълумоти расмӣ ҳоло ҳудуди 5 - 6 ҳазор донишомӯз аз кишвари Ӯзбекистон дар бахшҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳҳои олии Суғд таҳсил мекунанд.

Шумори онҳо дар мактабҳои олии Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шумурда мешавад. Сар аз санаи 23-уми март кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ин қарор расиданд, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, равуои сокинон тавассути ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии миёни ин ду кишвар қатъ карда шавад.

Ҳар ду кишвар ҳам ба шаҳрвандонашон эълон намуданд, ки ин тасмими муваққатӣ аст ва танҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус мебошад.

Полетаев гуфт, чаро коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст

Бо ташабуси Ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ба таваҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ расонида мешавад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сирояткунандаи короновирус (COVID-19) аз соати 06:00 дақиқаи субҳи 23 марти соли 2020 муваққатан тамоми намуди рафтуомад тавассути сарҳадоти Тоҷикистон ва Узбекистон (ба ғайри воситаҳои нақлиёти боркаш) қатъ карда мешавад”, паём дода буд, ширкати Tcell ба муштариёнаш шаҳрвандони Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳолати мубталои ин бемории коронавирус ё КОВИД-19 дар кишвари Ӯзбекистон дар таърихи 15 март сабт шуда ва ҳоло бар тибқи иттилои расмӣ дар ин кишвар шумори мубталоён ба 144 ҳолат расидааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва масъулини вазоратҳои тандурустӣ аз дарёфт нашудани он таъкид меварзанд.