ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Президенти Русия имрӯз зимни муроҷиат ба шаҳрвандони кишвараш гуфт, ҳолати маҳдудият дар Маскав ва ва вилояти Маскав айни замон асоснок аст.
"Барои сокинони шаҳри Маскав ва вилояти Маскав ҳолати маҳдудкунӣ ва худҷудоӣ ҷорӣ карда шудааст. Ин тадбир барои минтақаи бисёрмиллиона, ки аввалин шуда ба паҳншавии коронавирус дучор шуд, зарурӣ ва асоснок аст",- гуфт Путин.
Роҳбари Русия аз сокинони Маскав ва вилояти Маскав хоҳиш кард, ки ба ин тадбирҳои маҷбурӣ бо дарки амиқ муносибат кунанд ва ба татбиқи онҳо бо тамоми масъулият муносибат кунанд.
"Ҳоло сухан дар бораи саломатии шумо, дар бораи бехатарӣ ва ҳаёти шахсони наздики шумо меравад", - илова кард Путин.
Ҳамчунин Путин аз шахсони солхӯрда даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии худ дар хона бимонанд.
Ёдовар мешавем, ки то ба имрӯз, дар Русия 1836 сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо дар Маскав (зиёда аз 1,2 ҳазор бемор) мебошанд.