“Фарм Текс”: аҳолии Тоҷикистон дилпур бошанд, мо онҳоро бо ниқоб таъмин мекунем

Яке аз афзалияти ин ниқобҳо дар он будааст, ки  яккарата набуда, баъди боэҳтиёт шустанашон  қобилияти муҳофизатии худро гум намекунанд ва онҳоро метавон дубора истифода бурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Файзиддин Сайфуллоев, директори корхонаи “Фарм Текс” гуфтааст, мо шаҳрвандони мамлакатро мутмаин месозем, ки қудрати таъмини аҳолии мамлакатро бо ниқобҳои худии босифат  дорем.

Дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз то 30 ҳазор ниқоб истеҳсол мешавад

Номбурда ин нуктаро зимни як суҳбат бо “Ховар” изҳор дошта, гуфтааст, мо имрӯз  бо дарназардошти вазъияти баамаломада талош дорем дар  таъмини саломатии аҳолӣ саҳми намоён  гузорем.

“Корхона   ба  истеҳсоли зиёди ниқобҳои   чандқабатаи  докагӣ бо истифодаи  пахтаи гигроскопии сафедкардашуда шурӯъ кардааст. Ниқобҳои омоданамудаи корхонаи мо талабгорони зиёд доранд, зеро нисбат ба  ниқобҳои аз хориҷ воридшуда босифату ҳангоми пӯшидан мувофиқ мебошанд”,-афзудааст Сайфуллоев.

Ба гуфти ӯ ҳангоми пӯшидани ниқобҳои истеҳсолнамудаи корхонаи тобеаш, ки  аз пахта ва докаи маҳаллӣ омода шудаанд, сокинон  худро  роҳат ҳис мекунанд, ки далели ин рӯз то рӯз зиёд гардидани фармоишу дархост аз ҷониби  роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат ва дорухонаҳо ба ин ниқобҳо мебошанд.

Номбурда ҳамчунин гуфтааст:“афзалияти дигари ниқобҳои мо дар он аст, ки  яккарата нестанд. Ин ниқобҳо  баъди боэҳтиёт шустанашон  қобилияти муҳофизатии худро гум намекунанд ва онҳоро метавон дубора истифода бурд”.

Корхонаи  "Фарм Текс" -и ноҳияи Данғара  ба  истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13  номгӯй маҳсулот истеҳсол менамояд