Шанбегии раис Файзов: аз ниҳолшинонӣ то тозакунии кӯчаву ҷуйбори шаҳр дар қатори мардум

Ёдгор Файзов, раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дирӯз дар ҳашари тозакунии муҳити атроф, ё шанбегӣ ба кӯчаҳои марказии шаҳри Хоруғ баромада, дар баробари мардуми оддӣ як рӯзи тамом ба шинонидани ниҳол ва тоза кардани ҷӯйбору кӯчаҳои Хорӯғ машғул шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Гуфта мешавад, чунин иҷрои амали раиси ВМКБ ҳоло дар муқоиса ба иштироки рисони вилоятҳо дар корҳои ҷамъиятӣ камсобиқа аст.

Маълулан иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ дида мешаванд ва он ҳам бо ҳамон сару либоси идорӣ ё ба истилоҳ раисии шиму костюму галстук, ки танҳо бо шинонидани як ё ду бех ниҳол иктифо меварзанд.

Файзов се шарти аслии омода кардани ВМКБ-ро барои ҷалби гардишгарон гуфт

Аммо Ёдгор Файзов бо дарки ин, ки кори дастаҷамъӣ кор аст, бо сару либоси оддӣ ҳамроҳи сокинон ба маъракаи ҷамъиятӣ баромада ва худ ба тозакунии кӯчаҳо ва ҷӯйборҳои атрофи роҳи марказии шаҳри Хоруғ аз партов машғул шуд.

Зеро то кунун ҳеҷ кадоме аз раисони шаҳру ноҳия ва ҳатто ҷамоатҳо Тоҷикистон дида нашудаанд, ки бидуни либоси расмӣ ва дар қатори мардуми оддӣ як рӯзи тамом дар маърака ва ё ҳашари тозакунии муҳити атроф даст ба кор шудаанд.

Бино ба иттилоъи Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати ВМКБ, дар ҳашари оммавӣ, ки ба хотири поксозии муҳити атроф сурат гирифтааст ба ҳисоби Файзов дигар аъзои ҳукумати вилоят ҳам иштирок доштаанд.

"Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо тозаву озода намудани гирду атрофи идораву муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ шурӯъ намуданд. Дар баробари дигар кормандони муассисаҳои давлатӣ кормандони Дастгоҳи раиси ВМКБ низ бо иштироки бевоситаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Хоруғ ҳашар гузаронида дар маркази шаҳр ниҳолҳои ороишӣ шинониданд",-иттилоъ медиҳад Ниятбеков.

Ин танҳо нахустин ширкати Файзов дар қатори мардум дар кори ҷамъиятӣ нест, балки чанде қабл аксҳои дигари ӯ дар расонаҳо роҳ ёфт ва тавре дида мешуд, ки Файзов дар баробари мардуми оддӣ ба белкунии фарби биноҳои давлатию ҷамъиятӣ машғул аст.

Вазири дастрас: Шамсиддин Орумбекзода вазири сол эълом шуд - видео

Ҳоло акнун ҷои ин аксҳои ӯро аксҳои дигар ва он ҳам иштироки раис дар ҳашари шанбегӣ гирифтааст, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин рафтори ӯро беҳтарин намунаи ибрат, барои дигар раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто ҷамоатҳои Тоҷикистон меҳисобанд.

Иддае аз соҳибназарон мегуянд, бар иловаи иҷрои ин кору амалаш, Ёдгор Файзов боз як хислатҳои фарқкунандаи дигар аз раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дорад. Ӯ гоҳ -гоҳ пиёда аз хона ба коргоҳ-ҳукумат меравад ва сари роҳ аз наздик бо мардум дар бораи мушкилоташон суҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом медиҳад ва ҳамин аст, ки ҳоло ӯро раиси мардумӣ унвон мекунанд.