ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Ӯзбекистон 7 гирифтори коронавирус комилан сиҳат шуданд, хабар дод дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар.
Дар баробари ин тайи як шабонарӯзи охир 29 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи омори расмӣ, ба ҳолати 29 март дар Ӯзбекистон 133 нафар гирифтори коронавирус мебошанд.
Нахустин гирифтори вируси COVID-19 санаи 15 март ошкор шуда буд, ки аз Фаронса ба Ватан баргашта буд.
Мақомоти Ӯзбекистон феълан барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳаракати нақлиёти мусофирбарро дар шаҳрҳо мамнӯъ кардаанд. Парвозҳои байналмилалӣ мутваққиф шудаанд.
Миёни ҳолатҳои нави сироятшавӣ ба коронавирус шаҳрвандоне будаанд, ки тоза аз шаҳри Маскав ва Истанбул озими Ӯзбекистон шуданд. То ҳол дар Ӯзбекистон аллакай ду нафар аз бемории коронавирус ба ҳалокат расидаанд.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ, Тоҷикистон ягона давлатест, ки коронавирус дар қаламраваш ба қайд гирифта нашудааст.