8 зану 4 ноболиғ кушта: суҳбати ошкорои Раҳмон аз ҳамлаи "Ишқобод"

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор дошт, ки дар ин ҳодиса 26 нафар кушта шуда, дар пайи он 22 нафар ҳабс шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон дар гузоришаш ба Маҷлиси миллӣ, ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 “Ишқобод”-ро ҷинояти мудҳиши террористӣ хонда, тасдиқ кард, ки дар он аз ҷумла 8 зану 4 ноболиғ кушта шуданд.

Озода Раҳмон дар бораи коронавирус, нарх, муҳоҷирон ва ҳабсҳои ғайриқонунӣ

Додситони кулли Тоҷикистон теъдоди умумии кушташудагон дар қазияи “Ишқобод”-ро 26 нафар гуфта, аммо аз тафисолоти ироашуда бармеояд, ки кушташудаҳо 27 нафар будаанд.

"Дар натиҷаи он 26 нафар, аз ҷумла мардон — 9, занон — 8 нафар, ноболиғон — 4 нафар, хизматчиёни ҳарбӣ — 5 нафар ва 1 нафар корманди милитси куштаву 2 нафари дигар захмӣ гардиданд", - навиштааст нашрияи "Садои мардум" аз қавли Юсуф Раҳмон.

Ӯ таъкид намуд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 22 нафар ба ҳабс гирифта шуд. Ба иттилои додситонӣ, бо итмоми тафтишоти пешакӣ парванда ба суд ирсол карда шудааст.

Ҳабси ҷавони 23-сола дар Суғд: зери наворҳои террористон шарҳ мегузоштааст

Тибқи иттилои расмӣ, ки дар рӯзи ҳодиса расонаӣ шуд, шаби 6 ноябри соли гузашта дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи ниқобпӯши 20 - нафара ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ду тан аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд.

Баъдтар манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд. Мақомот аз боздошти 5 муҳоҷим хабар доданд, ки мустақим дар ҳамлаи террористӣ ширкат доштанд.

Масъулияти ҳамлаи террористӣ ба дидбонгоҳи "Ишқобод" – ро гуруҳи террористии "ДОИШ" бо интишори баёнияе дар сомонаи "Аъмоқ", ки гуфта мешавад, марбути ин гуруҳ аст, ба дӯш гирифта, аз кушта шудани 10 низомии тоҷик хабар дода буд.

Аммо ин иттилоъро ҳеҷ яке аз манобеъи расмиву ғайрирасмӣ таъйид накард ва коршиносон онро маҳсули таблиғоти ин гуруҳи террористӣ хонда буданд.