Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Русия роҳи табобати коронавирусро пайдо кард

Русия роҳи табобати вируси COVID - 19 -ро пайдо кард. Табобати пешниҳоднамудаи пизишкони рус, паҳншавии ин вирусро дар вуҷуди инсон зуд бозмедорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Агентии федеролии био - тиббии Русия доруи муассир алайҳи маризии коронавирусро пайдо намуд. Доруи мазкурро пизишкони рус дар асоси доруи зидди табларза омода намудаанд.

"Доруи мазкур, ки таъсири баланд дорад, паҳншавии ин вирусро дар ҳуҷайраҳо манъ мекунад. Ҳамзамон таъсири мефлокуин авҷгирии илтиҳоби шуш, ки барангезандаи он ин вирус мебошад, пешгирӣ мекунад.  Илова кардани доруҳо ва пенисиллини синтетикӣ на танҳо ташаккули дуюмдараҷаи ин бемориро бозмедорад, балки роҳёфтани вирус ба хун ва шушро монеъ мешавад", - изҳор доштааст Вероника Сквортсова, роҳбари ин агентӣ.

Ба гуфтаи собиқ Вазири беҳдошти Русия, доруи мазкур қобилияти шикаст додани вазнинтарин ҳолати сироятёбӣ ба коронавирусро дорад.

Сабти 228 ҳолати нави сироятшавӣ дар як шабонарӯз: 1264 дардманди коронавирус дар Русия

Гуфта мешавад, давои мазкур бар тибқи мутобиқати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Вазорати тандурустии Русия таҳия шудааст.

Қаблан, пизишкони Чин доруи муассир алайҳи маризии коронавирусро пайдо намуданд, ки ин дору Авиган будааст.

Дархости роҳбари СҶБ: аз доруҳои таъйидношуда барои табобати коронавирус истифода накунед

Маркази миллии рушди биотехнология ин доруро барои табобати 320 маризи коронавирус озмоиш дода буданд, ки натиҷаи он босамар баромад.

Ба гуфтаи пизишкон, нафароне, ки доруи Авиган истеъмол намуданд, таби онҳо давоми 2,5 рӯз мӯътадил шуд ва ҳамзамон давоми 4 - 5 рӯз аз сулфа кардан низ раҳо шуданд.

Зимнан, бо гузашти чаҳор рӯз маризоне, ки ин доруро хӯрда буданд, дубора аз ташхис гузаштанд, ки натиҷаи ташхиси онҳо манфӣ буда, онҳо комилан сиҳат ёфтанд.