ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз тамоми кишварҳои олам дархост намудааст, то аз истифодаи доруҳое, ки барои табобати коронавирус таъйид нагардидаанд, худдорӣ кунанд, хабар медиҳад Reuters.
Бар хабари манбаъ, Тедрос Аданом Гебреисус дар ин бора зимни як конфронси хабарӣ дар шаҳри Женева ибрози назар намуд.
Ба маълумоти роҳбари СҶБ, маризии коронавирус то кунун беш аз ним миллион нафарро олуда ва қариб 20 ҳазор нафарро дар ҷаҳон куштааст.
Вай дар идома бар камбуди шадиди васоил ва лавозими беҳдоштӣ таъкид кард ва ин масъаларо яке аз "ҷиддитарин таҳдидҳо барои тавоноии ҷамъии мо барои наҷоти ҷони афрод донист.
Лукашенко: вақте коронавирус нест мешавад, ман ба шумо чизҳои аҷиб нақл мекунам - видео
Тедрос Аданом илова кард, ки "Коркунони соҳаи тандурустӣ дар кишварҳои камдаромад ва миёна шоистаи ҳимоят ҳастанд ва сарватмандон дар ин кишварҳо бояд аз онҳо ҳимоят кунанд.
Доктор Майк Риён, коршиноси калони Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфтааст, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба тозагӣ гирифтори ин вируси ҳамагир шудаанд. Бархе дигар монанди Сингапур ва Чин низ акнун ба шиддат дар талошанд, то дубора ин беморӣ буруз накунад.
Ёдовар мешавем, ки маризии сироятии коронавирус бори нахуст авохири моҳи декабр дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва ҳоло бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт беш аз ним миллион нафар ба он сироят шудаву ҳудуди 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.