Ҷоиза аз дасти президент: беҳтарин аксҳо аз фестивали атлас бо иштироки Раҳмон дар Хуҷанд

Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикстон, дар Қасри Арбоб дар ҷашнвораи “Атлас ва адраси тоҷик-2020”, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуд.

Раҳмон ҳадафи ҷашнвораҳои атласу адрасро гуфт

Барномаи ҷашнвораи вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон, маҳсули дасти эъҷозофар ва маҳорати хосаашон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёву рушди боз ҳам бештари анъанаҳои миллӣ, тарғибу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи шогирдони сазовор дар ҳунармандӣ ҳидоят намуд.

Ягон зани эронӣ ё араб атлас мепӯшад? Раиси Кумитаи занон дар бораи ҳиҷоб

Эмомалӣ Раҳмон тавзеҳ додааст, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида шуд.

1 / 13
Дар Суғд, дар Қасри Арбоб ҷашнвораи “Атлас ва адраси тоҷик-2020” ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, ки дар он президент низ иштирок дошт
2 / 13
Барномаи ҷашнвораи вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид
3 / 13
Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон, маҳсули дасти эъҷозофар ва маҳорати хосаашон баҳои баланд дод
4 / 13
Раҳмон тавзеҳ додааст, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин мебошад
5 / 13
Яке аз мақсадҳои дигари баргузории фестивал дарёфти истеъдодҳои нав гуфта мешавад
6 / 13
Ба ғолибон ва иштирокчиёни муваффақу беҳтарин барои дӯхтану пешниҳоди либосҳои миллию замонавӣ аз матоҳои рангину пурҷилои атласу адраси тоҷик ҷоизаҳо муайян карда шуд
7 / 13
Онҳоро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд

8 / 13
Ҳоло дар вилоят беш аз 17 ҳазор нафар ҳунармандон дар офаридани маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ фаъолият доранд
9 / 13
Тамошобинони барномаи бахшида ба фестивали атлас
10 / 13
Гулдухтарони суғдӣ дар тан либоси атлас
11 / 13
Намоиши либоси аз атласдӯхашуда дар ҳошияи фестивал
12 / 13
Қасри Арбоб, фестивали атласу адрас
13 / 13
Президент ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд дод