Вирус меоранд: Чин вуруди хориҷиҳоро мамнӯъ кард

Вазорати умури хориҷии Чин рӯзи ҷумъа бо интишори иттилоияе эълон кард, ки аз ин пас барои муқобила бо шуюи дубораи коронавирус дар кишвар барои муддати номуайян, вуруди атбои хориҷиро ба дохили марзҳои Чин мамнӯъ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Мақомоти Чин таъкид кардаанд, ки бо ҳадафи маҳори комили вируси корона ва пешгирӣ аз бозгашти дубораи он ба кишвар аз рӯзи шанбеи 28 март вуруди атбои хориҷӣ мамнӯъ мешавад. Таъкид шудааст, ки ин маҳдудият ба дорандагони раводиди муътабар ва ҳаққи иқомат дар ин кишвар низ дахл дорад, хабар додааст Парстудей. Илова шудааст, ки мамнуияти вуруд шомили дорандагони раводиди С намешавад.

Оё коронавирус зиндагии Путинро дигаргун кард?

Вазорати хориҷии Чин таъкид кардааст, ки ҳар тағйире дар шароити марбут ба ин тасмим дар оянда эълон хоҳад шуд.

Ли Ҳойдуег, устоди Донишгоҳи равобити хориҷии Чин, гуфтааст, нахустин бор аз замони роҳандозии сиёсати дарҳои боз дар соли 1978-и милодӣ аст, ки Чин чунин тасмими сарсахтонае дар баробари шаҳрвандони хориҷӣ мегирад, навиштааст Парстудей.

Чин ба сахтгириҳояш дар додани ҳаққи иқомат ба хориҷиён, махсусан иқомати тӯлонӣ маъруф буда, теъдоди хориҷиҳои дорои корти сабзи иқомат дар ин кишвар камтар аз даҳ ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Тасмими манъи вуруди хориҷиҳо дар ҳолест, ки то имрӯз теъдоди мубталоёне, ки аз хориҷ вориди Чин шудаанд ҳудуди 500 нафар аз 34 кишварро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 дар дунё ба ҳолати 27 март беш аз 532 ҳазор нафарро ташкил дода, зиёда аз 24 ҳазор нафар фавтидаанду 124 ҳазор нафар сиҳат ёфтаанд.