ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Тибқи иттилои КМИР, дар панҷ ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ бо иштироки 2 ҳазору 163 нафар вакилони интихобкунанда, аъзои нави Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд. Хабаргузории "Ховар" аз қавли КМИР феҳрасти 25 узви тозаинтихоби Маҷлиси миллиро нашр кардааст.
Аз ҷумла аз ҳавзаи бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 панҷ нафар ба узвияти Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд.
- Файзов Ёдгор Доёрович – раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон – раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Додхудо Фаррух Муборакшо – раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Мирзозода Мусо Одинамуҳамад – раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Қонунзода Шодигул Худобахш – директори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон".
Панҷ нафари дигар аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар вилояти Суғд №2 ба Маҷлиси миллӣ роҳ ёфтанд.
- Аҳмадзода Раҷаббой – Раиси вилояти Суғд
- Набизода Мадина Раҳмат — директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»
- Ҳакимзода Карима Исроиловна – сартабиби беморхонаи №1-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара
- Мӯъминова Фирӯза Исроиловна – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан
- Шукурзода Мурод Ҷура – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
Аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон №3 нафарони зерин интихоб шудаанд.
- Ҳакимзода Қурбон – раиси вилояти Хатлон
- Одилзода Дилбар Раҳим – директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб”
- Одиназода Бозоралӣ Неъмат – раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон
- Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
- Шоиддинов Файзиддин Таваккалович – директори Неругоҳи барқи обии “Норак” ба номи Т.Улҷабоев
Аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе № 4 низ 5 нафар ба палатаи болоии парлумон интихоб шуданд.
- Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе
- Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
- Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
- Одилбекова Лола Қиёбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 низ мақомдорони ҳукуматҳои ноҳиявӣ ба Маҷлиси миллӣ интихоб шудаанд.
- Хоҷазода Фарзона Ҳаким – муовини раиси шаҳри Ваҳдат
- Акрамзода Рустам – раиси ноҳияи Рӯдакӣ
- Ҷумъазода Шарифҷон – раиси шаҳри Ҳисор
- Вализода Абдуқодир Исуф – раиси шаҳри Турсунзода
- Муқими Раҳимҷон Набизода – раиси ноҳияи Рашт
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон имрӯз 27 март баргузор шуда, дар он беш аз 2 ҳазору 163 вакили интихобкунанда аз маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ иштирок кардаанд.