Русия боз ба Тоҷикистон барои санҷиши коронавирус тест дод

Ба воситаи 201 таҷҳизоте, ки Русия ба Тоҷикистон дастрас кардааст, метавон 21 ҳазор санҷиш анҷом дод.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Русия ба Тоҷикистон барои мубориза бо вируси корона бастаи севуми тестҳои санҷиширо ирсол кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Сафорати кишвар дар Тоҷикистон.

Шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз ним миллион гузашт: ИМА дар ҷойи аввал
Дар умум 210 таҷҳизоте, ки фиристода шудааст, имконияти гузаронидани 21 ҳазор санҷиши вирусро дорад.

"Дар шароити мураккаби кунунӣ, Русия қарор дод, ки қисми калони тестҳои аз ҷониби мутахассисони ватанӣ коркардшударо ба Тоҷикистон ирсол кунад. Умед дорем, ки онҳо дар кишвар ба пешгирии паҳншавии COVID-19 мусоидат хоҳанд кард", - гуфтааст сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Феълан низ пизишкони тоҷик аз тестҳое истифода мебаранд, ки моҳи феврал аз Русия ирсол шуда буданд.

Дар Тоҷикистон вируси корона ба қайд гирифта нашудаст. Аммо шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои хатарзо баргаштаанд, ба карантин фаро гирифта мешаванд.