Мирзиёев гуфт чанд табиб ҳангоми кор мубталои COVID-19 шуд ва чанд сум ҷубронпулӣ медиҳад

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон гуфт, ба ҳар вирусшиносоне, ки гирифтори коронавирус шудаанд 100 миллионӣ ҷубронпулӣ дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар— Sputnik. Президенти Ӯзбекистон, ин нуктаро зимни як конфронси видеоӣ изҳор дошта,  гуфт, аз 65 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба бемории коронавирус гирифторшуда, 11 нафарашон кормандони Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти вирусшиносӣ мебошанд.

Самарқанд чорумин шаҳри Ӯзбекистон фардо карантин мешавад

Мирзиёев гуфт, ба ҳар як корманди соҳаи тиб, ки ҳангоми табобати беморони гирифтори COVID-19 сироят ёфтаанд, ба андозаи 100 миллион сӯм ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, дар ҳоли вазнин шудани саломатӣ дар пайи гирифории коронавирус замони кор, инчунин ҳангоми барқарор нашудани саломатӣ, ба кормандони соҳаи тиб ё оилаҳои онҳо ба маблағи 250 миллион сум ҷубронпулӣ дода мешаванд.

Зимни суханронии худ Мирзиёев қайд кард, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ тақрибан 80 ҳазор шаҳрванд дар хонаҳояшон дар карантини сахт ва 12 ҳазор нафари дигар дар беморхонаҳо қарор доранд.

Олимони Ӯзбекистон тестҳои худро барои ташхиси коронавирус сохтаанд

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, тақрибан 100 ҳазор табиб барои мубориза бо пандемия ҷалб шудаанд ва ба онҳо ҳокимиятҳои маҳаллӣ, шӯъбаҳои полис, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода фаъолона кӯмак мекунанд.

Мирзиёев ҳамчунин дастур додааст, ба маоши кормандоне, ки ба табобати мубталоёни коронавирус машғуланд аз 5 то 25 миллион сум илова карда шавад.