Дастури Умарзода барои ташкили гурӯҳи ихтиёриён ҳангоми эълон шудани карантин дар кишвар

Вазорати тандурустии Тоҷикистон нақша дорад дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ гурӯҳи ихтиёриёнро таъсис диҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар— Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод чунин пешниҳод аз ҷониби Саида Умарзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ дар ҷаласаи ахири вазорат садо додааст.

Бӯстонсароҳоятонро диҳед: хомӯшии вазоратҳо ба дархости Вазорати тандурустӣ

Манбаъ мегӯяд,  аз ҷониби Саида Умарзода, супориш дода шуд, ки дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ бояд гурӯҳи ихтиёриён таъсис дода шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бигузоранд.

Гуфта мешавад, барои таъсиси гурӯҳи ихтиёриён ва сафарбар намудани онҳо барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим ва матбуоти вазорат муваззаф гардиданд.

Манбаъ мегӯяд дар ҷаласа ҳамчунин, масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур таъмини шӯъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус,  баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони тиб дар ҳолати карантин эълон намудан дар миқёси ҷумҳурӣ, саҳми табибони оилавӣ дар ин ҳолат баррасӣ шуданд.

Бӯстонсароҳоятонро диҳед: хомӯшии вазоратҳо ба дархости Вазорати тандурустӣ

Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид шудааст, ки новобаста ба он ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта муассисаҳои тандурустӣ ҳамҷониба омода бошанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 - уми март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси COVID-19 - ро пандемия эълон кард.

Дар маҷмӯъ, дар ҷаҳон беш аз 500 ҳазор нафар гирифтори ин маризӣ мебошанд. Шумораи қурбониён бошад ба беш аз 20 ҳазор нафар баробар аст.