Аз ташкили “Иттиҳодияи табибони ҷавон” то рақами фаврӣ: омодагӣ ба карантин дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади дар байни аҳолӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон дар назди вазорат Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” таъсис дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ имрӯз нахустин бор бо аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” вохӯрӣ доир намуд, хабар додааст “Ховар”.

Дастури Умарзода барои ташкили гурӯҳи ихтиёриён ҳангоми эълон шудани карантин дар кишвар

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин ҷамъомад  ташкил намудани гурӯҳи ихтиёриён дар назди Вазорати тандурустӣ ва иштироки онҳо дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ миёни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ кумак расонидан ба эҳтиёҷмандон арзёбӣ гардидаст.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин барои вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти Covid-19 телефони боварӣ таҳти рақами 511 фаъол гардонидд.

Вазорат мегӯяд, телефони мазкур 24 соат фаъол буда, вобаста ба масъалаҳои коронавирус шаҳрвандон метавонанд ба рақами мазкур занг зада, посухи саволҳои хешро бигиранд.

Бо дастури Вазорати тандурустӣ: бемористони "Истиқлол" ба ҳолати омодабош мегузарад

Таъсиси ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар ҳолест, ки дар ҷаласаи ахири вазорат рӯзи гузашта Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон супориш дод, ки  дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ бояд гурӯҳи волонтёрон ҷиҳати пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ таъсис дода шавад.

Барои таъсиси гурӯҳи волонтёрон ва сафарбар намудани онҳо барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим ва матбуоти вазорат муваззаф гардиданд.