ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Мавриди афви расиҷумҳур нафароне қарор мегиранд, ки ҷиноятҳои сабукро содир намудаанд ва ба ҷомеа хавфе надоранд.
Бар хабари сомонаи TOLOnews, кишвардори Афғонистон аллакай зери қарори афви маҳбусон имзо гузоштаст ва давоми 10 рӯзи оянда даҳҳо зиндонӣ ба озодӣ мебароянд.
Тибқи қарори Ашраф Ғанӣ, нахуст маҳбусоне, ки бемории табобатнашаванда доранд аз маҳбас ҷавоб дода мешаванд. Ҳамзамон зиндониёни аз 55 - сола боло низ мавриди афв қарор мегиранд.
Зимнан, роҳбари Идораи зиндонҳо Аҳмад Рашид Тотаҳил дар робита ба қарори раисҷумҳури Афғонистон изҳор доштааст, ки дари маҳбасхонаҳо танҳо ба рӯи он маҳбусон, ки дар содир намудани ҷиноятҳои сабук даст доштаанд, баста мешавад, "зеро онҳо ба ҷамъият хавфу хатаре надоранд", илова намудаст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Вазорати тандурустии Афғонистон Фирузиддин Фируз низ изҳор доштааст, ки азбакси кишвари мо ягон ваксин ва табобат алайҳи ин беморӣ надорад, ягона роҳ ин андешидани чораҳои шадиди тиббӣ мебошад.
"Тадбирҳо хеле соддаанд ва метавонанд ҳаёти миллионҳо одамонро наҷот диҳанд", - афзудааст Фируз.
Бар тибқи маълумоти расмӣ, феълан дар Афғонистон беш аз 90 нафар мубталои маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.