“Россия сегодня”: ба хотири наздиконатон дар хона бимонед

Тамоми рамзҳои сомонаҳои Ожонсии байналмилалии иттилоотии “Россия сегодня” имрӯз иваз карда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Имрӯз дар шароити пандемия одитарин чораҳои эҳтиётӣ  – гигиенаи шахсӣ ва худҷудоӣ муҳим аст. Маҳз ба ҳамин хотир, агар дар хона бимонем, метавонем ҷони дигаронро ҳифз намоем. Ожонсиҳои иттилорасонии “РИА Новости” ва Sputnik дар тамоми ҷаҳон ба корҳои фосилавӣ мегузарад, аммо дар ҳамин шароит тими мо 24 соат хабару гузориш, маводҳои таҳлилӣ ва хабарҳои дақиқро ба хонандаҳои худ нашр мекунад.

Коронавирус – афсона ё ҳақиқат

Худҷудоӣ – ин амн ва ин кори дуруст аст. Ин иқдом метавонад наздикони моро аз паҳншавии коронавирус нигоҳ дорад. Рамзи хона дар нишони мо, маҳз аз ҳамин шоҳидӣ медиҳад. Имрӯз ин нишон дар сомонаи ria.ru,  сомонаҳои русизабони ин оҷонсӣ, Sputnik, радио Sputnik инчунин дар саҳифаҳо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо хоҳад шуд.

Ин иқдом барои доимӣ нест. Ин ҷавоби мо ба паҳншавии вирус  ва даъват ба ҳар нафар барои мубориза ба пандемия аст. ВАО имрӯз бояд дар иттилоърасонӣ ба мардум нақши муҳимро бозӣ намоянд.  Дар хона бимонед ва мо ба шумо оҷилан аз вазъи охир, чораҳои профилаптикӣ ва ҳимоя аз ин вирус хабар медиҳем.

Аз аввали сол COVID-19 дар тамоми ҷаҳон ҷони ҳазорҳо нафарро гирифт. Теъдоди мубталоён ба ин вирус ба садҳо ҳазор нафар расида ва рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд аст. Дар Русия дар ҳоли ҳозир вазъ зери назорати қатъӣ аст. Ҳукумат кишвар тамоми чораҳо меандешад, то дар пойтахт ва дигар минтақаҳои Русия коронавирус паҳн нашвад.  

Аммо тамоми чораҳо бефоида аст, агар мо ба якдигар кумак накунем. Танҳо дар якҷоягӣ метавонем ба вирус пирӯз шавем. Маҳз ба ҳамин хотир мо тасмим гирифтем, рамзро дар сомона иваз намоем.

Худро ва наздиконатонро эҳтиёт кунед ва ба таҳлука наафтед.