ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Хешовандони марҳум мегӯянд, ӯро ҳамкораш дар пайи баҳс ҳангоми тақсими пул шадидан латукӯб намуда, ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Марҷона Шомирова, хоҳари Диловаршои марҳум дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Диловаршо муддати ду рӯз бедарак буд ва онҳо дар пайи ҷустуҷӯяш буданд.
Қатли хоҳар аз сӯи бародар: дар ҳоҷатхона ба сару рӯяш корд задааст
Хабари фавти ӯро хонаводааш аз як хешованди худ дарёфт карданд, чун ӯ акси беҷони Диловаршоро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дидаасту фавран ин хабарро ба оилаи ӯ расонд.
Марҷона мегӯяд, дар аввал додарашро нашинохт. “Шояд бовар кардан нахостам”, - мегӯяд ӯ.
Диловаршо чанде қабл аз муҳоҷират баргашта, навхонадор ва дар интизори фарзанд будааст.
"Дар Душанбе ӯ дар яке аз нуқтаҳои шустушӯйи мошин кор мекард. Ҳамон рӯз Диловаршо аз саҳар то шом мошин шуста, 208 сомонӣ ҳақмузд гирифтааст. Муноқишаи ҳамкораш маҳз ба хотири ҳамин 208 сомонӣ шурӯъ шудаст. Ба хотири пули ночиз", - бо алам изҳор дошт Марҷона.
Ба нақли ӯ лаҳзаи аз кор баромадани Диловаршо ва ҳамкораш дар дастгоҳи наворбардории коргоҳашон сабт шудааст.
Ба гуфтаи Марҷона, гумонбари куштори бародарашро кормандони Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур боздошт кардаанду ӯ иқрор шудааст, ки ҳамкасби худро шадидан латукӯб намудаст. Расман мақомоти тоҷик ин иттилоъро ҳанӯз тасдиқ накардаанд.
Назари ҳамкори Диловаршо низ дар бораи иддаои наздиконаш феълан маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки расман мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе марги Шомировро беморияш гуфта, таъкид намуданд, ки дар ин ҳодиса кирдори ҷиноие сабт нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки акси ҷасади Диловаршоро корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр намуданд ва аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карданд, ки барои муайян намудани шахсияти ҷавони ҳалокшуда кумак кунанд. Пас аз нашри акси марҳум, Раёсати умури дохилии Душанбе хабар дод, ки шахсият ва сабабҳои марги ӯро муайян карданд.
РВУД Душанбе хабар дод, ки ҷасади Диловаршо шаби 22-юми март аз назди бинои №2 кӯчаи С. Айнии ноҳияи Шоҳмансур, бе аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карда шуд.
"Дар натиҷа мувофиқи маълумотномаи Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ - судӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Шомиров Диловаршо аз сабаби инсулти геморогӣ, атеросклерози шараёнҳои дил, якхела пурхун набудани мушакҳои дил, гипертрафияи мушакҳои дил, пур аз хуни сиёҳтоб будани ковокии дил ва рагҳои калони хунгард ба ҳалокат расидааст", - омада буд дар иттилоияи РВУД.
Дар сурати дастрас шудани тафсилоти бештар дар бораи ин қазия маълумот дар ин саҳифа нашр хоҳад шуд.