ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар ин бора ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар Маскав хабар дода, гуфтаанд, ҳалокшудаҳои 73 ва 88- сола будаанд.
Гуфта мешавад, табибон ташхиси вирусии онҳоро ҳануз замони зинда буданашон гузаронидаанд. Ҳамчунин онҳо бемории шамолхӯрдагӣ доштаанд.
Ситоди фаврии Русия қайд мекунад, ки шаҳрвандони аз синни 65 боло ва ҳамчунин нафароне, ки бемориҳои музмин ва қаблан сактаи дил ё инсултро аз сар гузаронидаанд, ҷудо аз дигарон бошанд.
Тибқи омори расмӣ, то 25 март теъдоди мубталоёни коронавирус дар Русия ба 658 бемор мерасад, ки аз ин 410 ҳолаташ дар Маскав будааст.
Муроҷиати фаврии Путин: ҳафтаи оянда дар тамоми Русия истироҳат эълон шуд
Рӯзи гузашта Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи қазияи паҳншавии вируси корона дар Русия ба шаҳрвандони кишвар фавран муроҷиат намуда, гуфт, ҳукумат барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳафтаи ояндаро истироҳат эълон мекунад.
Президент таъкид кард, ки як ҳафтаи бекорӣ ба маоши шаҳрвандон таъсир нахоҳад кард.
Коронавирус аллакай зиёда аз 170 кишварро фаро гирифта тибқи охирин омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, шумораи умумии мубталоён ба 350 ҳазор нафар ва фавтидагон ба 16 ҳазор нафар расидааст.