ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар ин бора пойгоҳи “РАПСИ” иттиилоъ дода, гуфтааст, ширкати “Скайроуд Лизинг” аз болои “Тоҷик Эйр” барои пардохт накардани 20 миллион доллар қарзаш шикоят карда, хостори баррасии парванда гаштааст.
Ин чорумин суд аст ки дар он парвандаи ду ширкат баррасӣ мешавад. Қаблан баҳси ширкати "Тоҷик Эйр" бо "Скайроуд Лизинг" дар Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии Вилнюс баъдан дар Душанбею Маскав ва ахиран ба Амрико расид.
Тибқи маводи парванда, сабаби баҳс қарзи пардохти ҳармоҳаи 149 ҳазор доллар барои иҷораи ду ҳавопаймои Боинг аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва баҳраву ҷаримаҳо мебошад, ки дар умум 20 миллион доллар шудаанд.
Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бо ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2009 ҳамкориро ба роҳ монда, ду ҳавопаймои "Боинг"-ро тариқи лизинг ба иҷора гирифта буд.
Аммо соли 2017 “Скайроуд Лизинг” ширкати “Тоҷик Эйр”-ро ба напардохтани 20 миллион доллар қарз ва баҳрву ҷаримаҳо муттаҳам карда, ба додгоҳ кашид, вале ширкати тоҷикӣ ин даъворо беасос хонд.
Додгоҳи арбитражӣ шаҳри Вилнюс 25-уми апрели соли 2018 қарор кард, ки “Тоҷик Эйр” ин маблағро пардохт кунад. Дар пайи ин шикояти ширкати тоҷикӣ бошад ба додгоҳҳои Литва рад карда шуд ва додгоҳҳои Тоҷикистон низ қарори Додгоҳи Вилнюсро эътироф накарданд.
Масъулини ширкати “Тоҷик Эйр” он замон сабаби бохташонро дар ин марҳалаи додгоҳӣ ба ҳуқуқшиноси ширкат Зафар Ҳафизов рабт дода буданд, ки бо 180 ҳазор сомонӣ пули ширкат фирор кардаву дар додгоҳ ширкат накардааст.
Парвандаи мазкур бо дархости ширкати литвонӣ ахиран дар додгоҳи Маскав баррасӣ мешуд ва ҳатто дар Русия як ҳавопаймои ширкатро ба ҳабс гирифта буданд.
Мушкилоти ширкати "Тоҷик Эйр" замоне ташдид шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд мавзӯи харидории як ҳавопаймои Боинг-767 гаронтар аз нархи воқеии онро аз сӯи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, рушан шудани моҷарои 3 моҳ пардохт нашудани ҳуқуқи кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳақи истифода аз фурудгоҳи Душанбе ва қарзи молии он ба ширкати воҳиди сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳоро хостор шуда буд. Ширкати "Тоҷик Эйр" ба ҳамин далел таи соли 2019 тамоми парвозҳои худро қатъ кард.
Ахиран муовини аввали мудири ширкати "Тоҷик Эйр" Азизмамад Қурбонов гуфт, ки соли 2019 шумораи кормандони ширкат 525 нафарро ташкил медод ва дар соли 2020 он ба 272 нафар поин омад.
Қурбонов қайд кард, ки ширкат то имрӯз 11,1 миллион сомонӣ маоши кормандони худро пардохт накардааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду ширкати ватанӣ "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" фаъол буда, дар баробари инҳо 15 ширкати хориҷӣ низ ба мусофиркашонӣ машғул аст.