ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи қазияи паҳншавии вируси корона дар Русия ба шаҳрвандони кишвар фавран муроҷиат намуд.
Ӯ аз ҷумла, гуфт, ки ҳукумат барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳафтаи ояндаро истироҳат эълон мекунад.
Ҳамин тавр, аз 28 март то 5 апрел рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд. Президент таъкид кард, ки ин ба маоши кормандон таъсире нахоҳад расонид.
"Дар вазъи бамиёномада беҳтараш дар хона монд", - гуфт президент.
Раисиҷумҳури Русия зарурати дастгирии оилаҳои серфарзандро таъкид намуда, афзуд, ки дар се моҳи оянда, сар аз апрел барои ҳар кӯдаки то сесола 5 ҳазор рубл кумакпулӣ пардохт мешавад. Путин зарурати дастгирии афродеро таъкид намуд, ки дар пайи хуруҷи коронавирус ҷои корашонро аз даст медиҳанд. Ӯ пешниҳод кард, ки пардохти иҷтимоӣ барои бекорӣ аз 8 ҳазор рубл ба 12 ҳазор рубл расонда шавад.
Шумораи гирифторони вируси тоҷдор дар Русия ҳамарӯза меафзояд. Бино бар охирон омор, феълан 658 нафар гирифтори ин маризӣ гаштаанд.