Аз 495 ба 658: афзоиши мубталоёни коронавирус дар Русия

Дар Русия шумораи гирифторони коронавирус ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст. Танҳо давоми як шабонарӯз теъдоди мубталоён аз 495 ҳолати қаблӣ ба 658 нафар афзудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар як шабонарӯз дар Русия 163 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Ҳамин тариқ, феълан дар ин кишвар шумораи умумии гирифторони маризии коронавирус ба 658 нафар баробар аст.

Теъдоди гирифторони коронавирус дар Русия ба 495 нафар расид: аз ҳама беш дар Маскав

Бар хабари муовини сарвазир Татяна Голикова, алъон дар 55 манотиқи Русия ин беморӣ зуҳур кардааст.

Русия парвозҳои ҳавоияшро бо тамоми кишварҳо қатъ кард: коронавирус сабаб шудааст

"Дар Русия феълан  658 маризи коронавирус дар 55 минтақа сабт гардидааст. 29 бемор шифо ёфтанд. Ҳамчунин  112 ҳазор нафари дигар зери назорати табибон қарор доранд”, - афзудааст Голикова.

Дар ҳамин ҳол, сар аз 25 – уми март ду лаборатория дар Маскав ва Санкт-Петербург ба озмоиши коронавирус шурӯъ намуданд.

Бар хабари ситоди фаврии шаҳри Маскав, алъон шумораи дардмандон дар пойтахт аз 290 нафар ба 410 бемор афзоиш ёфтааст.