Вориси шоҳигарии Бритониё шоҳзода Чарлз низ мубталои коронавирус шуд

Шоҳзода Чарлз аз озмоиши коронавирус гузаштаст, ки натиҷаи мусбӣ будааст, аммо нишонаҳои беморӣ то ҳол заифанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вориси мустақими тахти Бритониёи Кабир, шоҳзода Чарлз ба коронавирус мубтало гаштааст, хабар додааст The Guardian бо такя ба манобеяш аз қаср.

Доруе, ки Трамп дар мубориза бо коронавирус тавсия дод, ду амрикоиро кушт

Хабари мазкурро хадамоти матбуотии Қасри Букингем низ тасдиқ карда, гуфтааст, шоҳзода  аз озмоиши гузашт, ки натиҷаи он мусбӣ  шуд.

Ба иттилои манбаъ, нишонаҳои беморӣ дар шоҳзода ҳоло заиф будаанд.

Гуфта мешавад, ҳоло шоҳзодаи 71-сола худро хуб ҳис мекунад ва ҳатто давоми чанд рӯзи ахир дар хона кор мекард.

Ташхиси ҳамсари шоҳзода бошад, манфӣ баромада, тибқи тавсияи табибон ҳамсарон аз ҳам ҷудо дар хона меистанд.

Дар хусуси аз ташхиси коронавирус гузаштан ё нагузаштани  малика Элизабет бошад то ҳол иттилое нест.

Бино бар омори охирин, шумори мубталоён коронавирус дар Бритониё ба 6650 нафар мерасад.