Ҷаҳиши доллар нархи ордро гарон кард: соҳибкорони Хатлон ордро 240 сомонӣ мефурӯшанд

Дар пасманзари боло рафтани арзиши доллар дар Тоҷикистон нарху наво низ гарон шуд. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон, нархи як халта орд, ки қаблан 210 сомонӣ буд, акнун ба арзиши 240 сомонӣ фурӯхта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар вилояти Хатлон давоми чанд рӯзи ахир нархи орд ба андозаи 240 сомонӣ гарон шудааст, хабар медиҳад сомонаи Фараж.

Воҳимаандозони камчинии маводи ғизоӣ дар Хатлон боздошт ва муҷозот мешаванд

Ба иттилои манбаъ, масъулин далели гароншавии нархи ордро ба ҷаҳиши қурби асъори хориҷӣ рабт медиҳанд. Бар тибқи мушоҳидаҳои ин сомона, рӯзи 23 - юми март дар аксар дӯконҳои ордфурӯшии шаҳри Бохтар, Вахш ва Кӯшониён, соҳибкорон нархи як халта орди навъи якумро бо нархи 235 - 240 сомонӣ ва навъи дуюмро бо нархи 220 - 230 сомонӣ мефурӯшанд.

Бонки миллӣ қурби расмии асъорро гуфт: сокинон аз камчинии пули хориҷӣ гила доранд

Гуфта мешавад, боло рафтани арзиши ин навъ маҳсулоти хӯрокворӣ сокинони ин минтақаро нигарон намудааст.

Зимнан, манбаъ аз қавли Юсуфзода Фирдавс, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон менависад, ки омили асосии гароншавии орд ба боло рафтани қурби доллар вобаста аст.

"Нархи долар 53 сомонӣ боло рафт ва гандум аз Қазоқистон бо доллар  ворид мешавад. Мо назорат карда баромадем, болоравии нарх аз ҳисоби қурби доллар аст. Агар қурби долар боз гарон шавад, нархи орд низ боз баланд мешавад. Мо рӯзи 27-уми марти соли равон мониторинг мегузаронем ва боз нархҳоро муайян мекунем", - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус ва баста шудани сарҳади давлатҳо дар Тоҷикистон бозори ордфурӯшон якбора гарм шуд.

Сокинон аз тарси камчин шудани ин навъ маҳсулоти хӯрокворӣ, якбора аз 5 то 10 халта орд харидорӣ намуданд.

Баъдан муайян гардид, ки ин тарсро дидаву дониста аксар соҳибкорон дар вуҷуди сокинони "зӯдбовар" коштаанд. Зимнан, ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки воҳимаандозони камчинии маводи озӯқавориро ҳатман боздошт ва ҷарима мебанданд.