ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Таҳмина Раҷабова, рӯзноманигор ва ҳунарманди тоҷик хабар дод, ки аз Русия ба Тоҷикистон баргашт.
Тавре ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграмаш менависад, бино бар паҳншавии коронавирус Донишгоҳи давлатии кинематографии Русия (ВГИК) низ муваққатан баста шуд ва барои ҳамин ба ватан рафт.
"Бо ҳамин далел дар Маскав мондани ман маъное надошт ва ман 23 март бо парвози махсус ба Душанбе баргаштам", - менависад ӯ.
Ёдрас мешавем, Раҷабова ҳамин сол ба ин донишгоҳи пурнуфузи Русия дохил шуд. То ин дам бону Таҳмина ба телевизиони "Сафина" наттоқ буд ва дар чанд филми тоҷикӣ нақши асосиро бозида, саршинос гашт.
Таҳмина қайд мекунад, "тамоми нафароне, ки дар як ҳавопаймо бо ӯ баргаштанд дар осоишгоҳи "Хоҷа оби гарм" дар ноҳияи Варзоб ба карантин фаро гирифта шудаанд".
"Шароитамон бад нест. Табибон дар як рӯз ду маротиба ҳароратамонро месанҷанд. Ҳоло дар хона бошем хуб буд, лекин карантин бисёр муҳим аст ва наздиконамонро аз хатар нигоҳ медорад", - тавзеҳ додааст вай.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 1981 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3057 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии кишвар ба карантин фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон нафароне, ки муваққатан дар ҷойҳои на он қадар хуб ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ба маконҳои дорои шароит ва имконоти хуб интиқол дода шуданд.
Криштину Роналду ба карантин рафтааст