ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ҳукми Зокирҷон Холмуродови 50-соларо, ки дар куштори бераҳмонаи хоҳараш муттаҳам мешуд, содир кардааст.
Бино ба гузориши телевизионии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, додгоҳ Зокирҷон Холмуродовро дар куштори хоҳараш Зарина Холмуродова муттаҳам дониста, ба 13 соли зиндони низомаш сахт равона кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дар дар пайи муноқишаи оилавӣ рух додааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, Зокирҷон Холмуродов бо модар, аҳли хонадон ва хоҳараш Зарина Холмуродоваи 45-сола дар як манзил зиндагонӣ мекард ва миёнашон бо сабабҳои ночиз баҳсу мунозира сар мезадааст, ки он ба дағалӣ, бадбинӣ намудан нисбат ба якдигар оварда расонидааст.
Манбаъ мегӯяд, қасди куштори хоҳар аз суи бародар тарҳрезӣ гашта, ниҳоят шаби 27 ноябри соли гузашта Зокирҷон Холмуродов хоҳараш Зарина Холмуродоваро дар ҳоҷатхонаи манзили истиқоматияшон бо корд се маротиба ба фарқи сараш ва баъдан ба қисмҳои рӯй ва гарданаш зарбаҳо задааст, ки ҷабрдида дар натиҷа ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, баъди содир кардани ҷиноят Зокирҷон кордро ба дигар ҷой партофта тафтишотро ба роҳгумӣ бурдааст, аммо дар пайи кофтуков ба кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат муяссар шудааст, онро пайдо карда гумонбарро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд.