Аз мубориза бо коронавирус то таълимоти динӣ: мулоқоти генерал бо сокинони Нуробод

Генерали милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо сокинон ва шикорчиёни ноҳияи Нуробод яқ қатор масъалаҳои мубрами кишварро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтаи матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран вохӯрии сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал – майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло дар якҷоягӣ бо сардори Раёсати КДАМ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақа полковник Нуралӣ Муродов бо сокинон ва шикорчиёни ноҳияи Нуробод баргузор гардид.

Генерал Сафиало бо ҷавонони Лахш аз оқибатҳои терроризму экстремизм суҳбат кард

Тавре манбаъ қайд намудааст, зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он ббаррасӣ шуд.

Инчунин зимни мулоқот мақмоти милитсия ва КДАМ бо сокинону шикорчиёни минтақа дар масоли терроризм – экстремизм, содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғон, ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани онҳо, таблиғу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, расму оини аждодӣ ва либосҳои миллӣ ибрози андеша намуданд.

Гуфта шудааст, ки дар хотимаи вохӯрӣ сокинони ноҳияи Нуробод барои чунин вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо аҳолӣ як зумра таклифҳо пешниҳод карданд.