Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

На сулфаю на таби баланд: олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Зимни сироятёбӣ бо вируси COVID-19 инсон метавонад дарҳол ҳисси бӯйкуниро аз даст диҳад ва дигар аз чизе азият накашад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Пизишкони бритонӣ муайян карданд, ки гирифторони коронавирус метавонанд танҳо як нишона дошта бошанд - аз даст додани ҳисси шомма, хабар медиҳад "Известия".

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: афзоиш дар Осиёи Марказӣ ва Русия

Ин нишона дар аксари гирифторони коронавирус тасдиқ шудааст.

Бино ба додаҳои мутахассисон, аксари гирифторони коронавирус дар Куреи Ҷанубӣ, Итолиё, Чин ва Олмон пурра ё қисман аз ҳисси бӯйкунӣ маҳрум мондаанд.

Дар баробари ин, ин нишона дар Олмон дар аз се ду ҳиссаи сироятшудагон дида мешавад.

Ниқоби тиббӣ надоред? боке не, тамошои ин навор мушкили шуморо ҳал мекунад

Зиёда аз ин, пизишкон қайд мекунанд, ки эҳсос накардани бӯй метавонад аз нишонаи асосии гирифорӣ ба коронавирус бошад ва дар рафти беморӣ дигар на сулфаю на таби баланд дида нашавад.

Олимон даъват карданд, ки ҳамаи он нафаронеро, ки ҳисси шоммаашонро аз даст додаанд, ба карантин равон кунанд.

Эҳтимол меравад, ки бо ин роҳ мешавад аз паҳншавии густурдаи вирус пешгирӣ шавад.

Пештар олимон аз нишонаи дигари маризии коронавирус  - доначаҳои хурд, хабар дода буданд.

Огоҳӣ, омодагӣ ва боварии тоҷикистониҳо: коронавирус моро домангир намешавад - видео

Пандемияи коронавирус

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Пардаи оҳанин: кадом кишварҳо аз тарси коронавирус сарҳадашонро бастанд - видео

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.