Рӯйхати адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа: тағйирот дар қонун

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи нахустини Шӯро лоиҳаи қонун "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ"-ро мавриди баррасӣ қарор дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Дар Шӯро таъкид гардид, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда, роҳҳои амалишавии ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони воқеиро ҳангоми ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд, хабар дод котиботи Маҷлиси намояндагон.

Ожонс гуфт, адвокат Иноятоваро дастгир кард: “пул гирифта, ваъда дод, бо судя ҳал мекунад”

"Мақсади қонуни мазкур пеш аз ҳама ташаккул ва рушди низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароит барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо, баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоию таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ мебошад", - омадааст дар иттилоияи котиботи Маҷлиси намояндагон.

Манбаъ афзуд, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни муҳокимаи ин масъала иброз гардид, ки бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа адвокат бо маркази ёрии ҳуқуқӣ дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ созишнома баста, ба феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дохил карда мешавад.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, адвокат уҳдадор аст, ки бо даъвати Маркази ёрии ҳуқуқӣ тибқи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" ба назди таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя фавран ҳозир шавад.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон қарорҳоро қабул карда, масъалаи мазкурро ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод карданд.