ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар номаи шодбошиаш аз зуҳури коронавирус дар Эрон бо таассуф ёдрас шуда, ба кӯмаки ҳамдигарӣ таъкид кардааст.
"Бо камоли масаррат фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, фасли шукуфоии замин ва оғози соли 1399-и хуршедиро ба Ҷаноби Олӣ самимона табрик мегӯям.
Наврӯз, ин суннати куҳан ва бо шукуҳ, паёмовари ишқу меҳрварзӣ асту баҳор, дамидани рӯҳи ҳаёт дар корбуди табиат, ҷилавгирии қудрати лоязоли Илоҳӣ ва фасли нав шудан ва ҳангомаи зудудани ғубори яъс аз тану ҷони одамиён.
Гиряи пизишки эронӣ: сахте, хеле сахте, 23 рӯз аст, ки хонаводаамро надидам - навор
Наврӯзи имсол мутаассифона бо вуҷуди короновирус ба Эрон ва бисёр аз кишварҳо ҳамзамон шудааст.
Табиӣ аст, ки ба лиҳози иртиботи рӯзонаи кишварҳои мо ва дигар ниёз ба ҳамкорӣ барои убур аз буҳрони ношӣ аз ин вируси хатарнокро пеш аз гузашта зарурӣ сохтааст, аз ин рӯ муносиб аст бо фароҳам намудани имконияти доруӣ ва дармонӣ, ҳамдигарро ёрӣ кунем, то бар ғалаба бар ин вируси муҳоҷим, ҷашни Наврӯзро ба маросими таъмини саломатӣ ва баракати миллатҳои худ табдил диҳем.
Аз Худованди мутаъол саломатӣ ва муваффақияти он ҷаноб ва беҳрӯзии давлат ва мардуми азизи Тоҷикистонро орзу дорам", - омаддаст дар номаи шодбошии Ҳасани Рӯҳонӣ.
Дар ҳоли ҳозир шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар Эрон 20 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин дар як рӯзи ахир ба сабаби коронавирус 123 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар ҳамин ҳол шумори умумии даргузаштагон бар асари ин беморӣ дар Эрон 1556 нафарро ташкил дода, беш аз 800 кас шифо ёфтанд.