Нахуствазири Покистон аз ИМА хост, таҳримҳо алайҳи Эронро лағв кунад

Имрон Хон, нахуствазири Покистон, дар пасманзари хуруҷи коронавирус аз ИМА хостааст, таҳримҳо алайҳи Эронро лағв кунад, чун ба гуфтаи ӯ дар чунин ҳолат аҳли башар бояд муттаҳид бошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар— Sputnik. Имрон Хон рӯзи якшанбе дар паёми твиттерӣ, таҳримҳои Амрико зидди миллати Эронро ҳаракате ноодилона донист ва аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хост, ин таҳримҳоро лағв кунад, хабар дод Парстудей.

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: афзоиш дар Осиёи Марказӣ ва Русия

"Таҳримҳои Амрико боис шудааст, то муборизаи мардуми Эрон зидди коронавирус мушкил шавад ва таъсироти манфӣ бар дифоъ аз саломатии онон бигзорад", - навиштаст Имрон Хон.

Имрон Хон таъкид намудаст, ки мубориза ва муқобила бо коронавирус иттиҳоди башариятро металабад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи душанбе дар ҷаласа гуфт, амрикоиҳо агар мехоҳанд ба Эрон кумаке кунанд, аз масири фаъолияти эрониён дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла фурӯши нафт, табодулоти бонкӣ, дору ва ғизо ва ҳатто маводи аввалия канор бираванд.

Рӯҳонӣ инчунин таъкид намудаст, ки мардум ва мақомоти эронӣ бо ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамнавоӣ, рӯзҳои сахтро пушти сар хоҳанд гузошт.

Тибқи иттилои ахири Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 8376 нафар аз мубталоёни  коронавирус  беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд. Шумораи мубталоёни ин вирус дар Эрон  23049 нафар арзёбӣ шудаст, ки то ҳол  1812 нафар ҷон доданд.