ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Аҳволи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар рафти мурофиаи судӣ бад шудааст, ки дар натиҷа мурофиаро ба таъхир андохтаанд. Дар ин бора ба Sputnik Қирғизистон ҳомии собиқ раисҷумҳур Замир Жоошев хабар додааст.
"Мурофиа субҳ оғоз шуд. Вақте додгоҳ нисфи рӯз танаффус эълон кард, Отамбоевро посбонҳо бурданд. Онҳо гуфтанд, ки аҳволи ӯ бад шудааст. Вай аз баланд шудани фишораш шикоят мекунад", - гуфтааст Жоошев.
Ҳамчунин, ҳомии маҳкумшаванда аллакай ба додгоҳ маълумотномаи хадамоти тиббии боздоштгоҳро дар бораи бад шудани вазъи Отамбоев супоридаст.
Ҳамин тавр мурофиаи навбатӣ ба 30 март гузаронида мешавад.
Бояд қайд кард, ки ин аввалин мурофиаи судии парвандаи ҳодисаҳои Кой - Тош аст, ки таъиноти махсуси КДАМ кӯшиши амалиёти боздошти Отамбоеваро карда буд.
Ёдрас мешавем, 7-8 августи соли гузашта нерӯҳои махсуси Қирғизистон зидди ҷонибдорони Отамбоев воситаҳои махсус истифода карданд.
Ҳамчунин онҳо шаш низомии нерӯҳои вижаро ба асирӣ гирифтанд. Рӯзи дигар задухӯрди ҷонибҳо аз субҳ то шом идома кард ва саранҷом Отамбоев худаш ба мақомот таслим шуд. Дар миён, 136 тан маҷрӯҳ ва як низомӣ ҳалок шуданд.
Додситон: ҳукми Отамбоев танҳо дар сурати бад шудани вазъи сиҳатии ӯ тағйир меёбад