Раҳмон дар соҳили Баҳри тоҷик истироҳатгоҳи навро ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистон истироҳатгоҳи нави “Суғдиёнро” мавриди баҳрабардорӣ қарор дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Истироҳатгоҳи “Суғдиён” дар соҳили Баҳри тоҷик ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 5,0 гектарро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат аст, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Пул надораму мехоҳам шиноварӣ кунам: истиқболи сокинон аз тафреҳгоҳи ройгон дар Сирдарё

“Истироҳатгоҳ дорои 40 ҳуҷра барои қабули меҳмонон, сайёҳон ва истироҳаткунандагон мебошад. Суҳбаткадаҳо, гулҳои рангоранг, дарахтони зиёди ороишӣ, чароғҳои ранга, роҳравҳои бо сангҳои ватанӣ ороишдодашуда, кули махсус ва фаввораҳо аз ороишоти истироҳатгоҳи Суғдиён ба шумор меравад”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шуд, ки сохтмони иншоот бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2018 оғоз ёфта, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода супурда шуд.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки дар шаҳри Гулистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо иншооти хуштарҳу муосир бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Гуруҳи тафтишотӣ аз амволи ғайриқонунии Назарзода дарак дод

Осоишгоҳи замонавии “Баҳористон” аз зумраи иншооти муҳими соҳаи табобату истироҳат арзёбӣ шудаст, ки дар соҳили Баҳри тоҷик бунёд шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки феълан дар ҳудуди осоишгоҳи “Баҳористон” сохтмони боз як иншооти нав барои 100 ҷойи хоб бунёд шуда истодааст.

Бино бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат бо тарҳи замонавӣ сохта мешавад. Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.

Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст, таъкид намуд котиботи раисиҷумҳур.