Президенти Озарбойҷон музди яксолаи худро барои мубориза бо коронавирус ҳазина кард

Бунёди мубориза бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 дар Озарбойҷон нахуст бо 20 миллион манат пур шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев музди яксолаи худро барои мубориза бар зидди коронавирус ҳазина кард, хабар медиҳад Sputnik Озарбойҷон.

Дастури Мирзиёев барои овардани табибони Чин ба Ӯзбекистон

Маоши кишвардор Илҳом Алиев ба Бунёди вижа, ки аз ҷониби худи раисиҷумҳур барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус таъсиси дода шудааст, равон карда мешавад.

Амри Президент барои пешгирӣ аз коронавирус: дастур ба Прокурори генералӣ ва Расулзода

Қайд мешавад, ки маоши якмоҳаи президенти Озарбойҷон, мувофиқи қонун 15 ҳазор манат (тақрибан 9 ҳазор доллар) мебошад.

Нахуст ба ин Бунёд, аз ҷониби фонди захиравии президент 20 миллион манат (12 миллион доллар) гузаронида шудааст.

Ҳамаи шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба ин  Бунёд маблағгузорӣ кунанд.

Сесад ҳазор бемор: омори охири маргу мир аз коронавирус дар ҷаҳон

То рӯзи 22 март дар Озарбойҷон 53 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Аз ин ҳисоб даҳ бемор сиҳат шуда ва як тан ҷон бохтааст.