Муроҷиати ВУХ Тоҷикистон: оромиро нигоҳ доред

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз шаҳрвандони кишвар даъват намудаст, ки чораҳои андешидаи мақомотро барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус қабул намоянду оромиро нигоҳ доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik.  Вазорати умури хориҷӣ таъкид намудаст, ки намояндагиҳо барои ҳалли мушкили шаҳрвандони дармонда дар хориҷ мусоидат мекунанд.

ВКД 17 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки сарҳади Ӯзбекистонро убур карданд, ба карантин бурд

“Бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада, аз ҳамватанон хоҳиш менамоем, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз шуюи коронавирус андешидашударо қабул намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд”, - таъкид шудаст дар муроҷиатномаи ВУХ.

Вазорати умури хориҷӣ аз муваққатан қатъ шудани ҳамаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз 20 марти 2020 зикр намуда, тавзеҳ додаст, ки ин иқдом ба манзури пешгирӣ аз интишори коронавируси нав (COVID-19) дар кишвар роҳандозӣ шудаанд.

Вазорат афзудаст, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар хориҷа ба шаҳрвандони кишвар дар ҳалли мушкилоти пешомада мусоидат мекунанд ва суроғаи намояндагиҳоро ироа кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бисёри шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи қатъи парвозҳои байналмилалӣ дар хориҷ дармонданд ва феълан мақомот бо анҷоми парвозҳои махсус гуруҳеро ба Ватан баргардонданд.