ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. То рӯзи шанбе 7 ҳазору 635 нафар касоне, дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд, хабар дод Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон аз ибтилои 20 ҳазору 610 нафар ба коронавирус дар Эрон гуфт, хабар медиҳад Парстудей.
Манбаъ бо таассуф афзудааст, ки бо ҷон бохтани 123 нафар аз беморон дар як рӯзи гузашта, маҷмӯи даргузаштагон бар асари ин беморӣ дар кишвар ба 1556 нафар расид.
Мақомоти Эрон таъкид кардаанд, ки ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлат, бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба коронавирус, бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон босуръат дар ҳоли анҷом аст.