ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд, хабар котиботи раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи нахустро дар Суғд аз кушодани корхонаҳо дар шаҳри Бӯстон оғоз кард.
Аз ҷумла раисиҷумҳур дар шаҳри Бӯстон корхонаи тавлиди қубур, “Сифат пласт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаст, ки ба иттилои котибот ҳам барои оби хунук ва ҳам барои оби гарм қубур истеҳсол мекунад. Муҳлати кафолати қубурҳои пластикии корхона 50 солро дар бар мегирад.
Корхонаи “Сифат пласт” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳомҷон Бобоҷонов бунёд ёфта, дар он то 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
“Қобил ба тазаккур аст, ки ҳамчунин дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор дар шафати коргоҳи нав бунёди корхонаи истеҳсоли зарфҳои пластикиро оғоз кардааст, ки то таҷлили ин ҷашни муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Пас аз амалишавии ин иқдом, боз 30 нафари дигар соҳиби ҷойи кор гардида, дар ин баробар истеҳсоли маҳсулоти нави ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.