Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш: агар Тоҷикистонро тарк карданӣ бошед, шитобед

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар вебгоҳи худ ба шаҳрвандонаш муроҷиат намуда хабар додааст, ки агар нияти тарк кардани қаламрави Тоҷикистонро дошта бошанд, пас шитоб кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Дар муроҷиатномаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон омадааст, ки эҳтимолияти бидуни огоҳӣ баста шудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷой дорад. Ва ё ин ки шумори парвозҳо аз Душанбе маҳдуд ё комилан лағв карда шаванд.

Даҳшати коронавирус дар Италия бадтар аз Чин шуд: фавти 627 нафар дар як шабонарӯз

Аз ин рӯ, сафорат шаҳрвандони амрикоии дар Тоҷикистон бударо ҳушдор медиҳад, ки агар нияти аз Тоҷикистон берун шуданро доранд, пас бишитобанд.

Сафи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 37 нафар расид

Зимнан, зикр гардидааст, ки шояд пас аз ба мушкилӣ рӯбарӯ шудани шаҳрвандони Амрико сафорат дигар ба онҳо кӯмак карда натавонад.

Феълан кормандони сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо аҳли пайвандони худ иҷозати берун шудан аз Тоҷикистонро дарёфт намудаанд. Аксарияти онҳо хоҳиши барои муддати номаълум тарк кардани Тоҷикистонро намудаанд.

Шумораи дардмандони коронавирус дар Русия ба 253 нафар расид

Ёдовар мешавем, ки сар аз 17 – уми марти соли равон Сафорати Амрико дар Душанбе хадамоти консулгариро қатъ намуд.

Дар Тоҷикистон то ҳол ягон мавриди сироятёбӣ ба маризии коронавирус сабт нагардидааст. Чанде қабл Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар робита ба даҳшати маризии коронавирус дар дунё аз Тоҷикистон  даъват намуд, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.

Вале бо вуҷуди дархости СҶБ  дар Тоҷикистон имрӯз ҷашни Наврӯз бошукӯҳ таҷлил гардид.