Бо дастури Раҳмон: шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Дубай ба Ватан меоранд

Шаби 20 март, Ҳукумати Тоҷикистон ба далели пешгирӣ аз интиқоли коронавирус ӣба Тоҷикистон, ҳамагуна парвозҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз Русия ба Тоҷикистонро қатъ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Бо супориши бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ду парвоз ба шаҳри Маскав  анҷом медиҳанд.

Сафир дар бораи тоҷикони дар "Шереметево" дармонда: гуфтушунид идома дорад

Аз ҷумла, ҳавопаймои "Сомон Эйр" соати 14.00 ба фурудгоҳи Домодедово парвоз кард ва аз он ҷо 161 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро ба Душанбе интиқол медиҳад.

Соати 22.30 дақиқа, ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" ба фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Маскав парвоз анҷом дода, бо 195 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад.

Сатторов: ФР ва Тоҷикистон парвозҳои иловагӣ барои мусофирони дармондаро баррасӣ доранд

Ҳамзамон, бо дархости ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии "Fly Dubay" соати 4:30 дақиқаи субҳи 21-уми март 150 нафар шаҳрванди тоҷикро аз шаҳри Дубайи АМА ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе мерасонад.

Муҳоҷирони тоҷик миёни Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд