Садамаи маргбор дар Данғара ва Нуробод 2 кушта ва 8 захмӣ барҷой гузошт

Вазорати умури дохилаи ТОҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар медиҳад, ки дар паи ноуҳдабароии ронандагон сар зада ду кушат а ҳашт зухмӣ бар ҷой гузоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Бино ба гузориши ВУД, рӯзи 20-уми марти соли 2020, тахминан соатҳои 09:30, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”  81 км дуртар аз шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Данғара, садамаи маргбор рух додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи худрави тамғаи "Опел-Астра", Валиев Меҳрубон Дилшодович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти чапи роҳ баромада мошинро дар чуқурии канори роҳ чаппа кардааст. 

"Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашина буда, Валиев Гадобой Дилшодович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин ноҳия дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, ронандаи автомашинаи мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 12:40-дақиқа, ронандаи худрави тамғаи "Хундай Старекс", Лоиқов Фирӯз Додарбекович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рашт ба самти ноҳияи Нуробод, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.

Ҳалокати шаш нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

"Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашина буда, Мирзоев Маҳмаҳаит Ҳаётович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Рашт ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст".

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Ҳимматова Файзинисо Аюбовна, соли таваллудаш 1978 ва фарзандони ноболиғаш, Ҳаётова Баҳринисо Маҳмаҳаитовна, соли таваллудаш 2011, Ҳаётов Маҳмадиқбол Маҳмадҳаитович, соли таваллудаш 2009, сокинони ҳамонҷо, Зуҳуров Ҷонибек Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур, Иброҳими Хайрулло, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Нуробод, Хоҷамов Расул, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ ва Сайфиддинов Сайхуҷа, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Рашт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Шарҳи садамае, ки 6 куштаю 2 маҷруҳ барҷой гузошт: Иброҳимов аз уҳдаи идора набаромадаст

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.