ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон дуввумин Ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони "Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод" баргузор мегардад.
Сафирони давлатҳои хориҷро барои сайёҳат Данғара бурданд
Бино ба гузориши Кумитаи ҷавонон, ин Ҷашнвора имсол ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", дар остонаи Наврӯз, гузаронида мешавад.
Истироҳат дар Тоҷикистон: аз фардо таътили баҳории хонандагон оғоз мешавад
"Субҳи барвақт гуруӯи ҷавонони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсилдошта, ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафирони давлатҳои хориҷӣ, корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони намояндагони созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ба самти ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон барои ширкат дар Ҷашнвораи байналмиллалӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ба сафар баромаданд", - омадааст дар хабарнома.
Фардо дар Наврӯзгоҳ беҳтарин куштигирони тоҷик рақобат мекунанд
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки онҳоро волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат" ҳамроҳӣ мекунанд.