Хориҷиҳоро мебаранду худиҳоро меоранд: парвозҳои махсуси “Somon Air”-у “Tajik Air”

Дар назар аст, ки ширкатҳои “Somon Air”-у “Tajik Air” барои бурдани шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ва овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Душанбе парвозҳои махсус анҷом диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Ширкати “Somon Air” дар хитоб ба шаҳрвандони Русия ва атбои дигари хориҷӣ хабар додааст, ки соати 14:00-и 20 март дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе парвоз анҷом хоҳад дод.

Тоҷикистон фурудгоҳҳоро ба рӯи парвозҳои байналмилалӣ баст: маслиҳати мақомот ба мардум

Манбаъ афзудааст, ки бар асоси ҷадвали аввалия, рӯзи 21 март соати 12:00 низ парвоз дар ин масир дар назар аст ва мусофирон метавонанд, иттилои дақиқу бештарро тариқи рақамҳои (+992) 93 777 70 34, 44 640 40 40, 44 640 40 50, 44 640 40 70 ё суроғаи call-center@somonair.com пайдо намоянд.

Инчунин дар назар аст, ки “Tajik Air”  низ рӯзи 20 март соати 18:40 дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе парвоз анҷом диҳад. Мусофирон метавонанд, тариқи рақамҳои (+992) 905 100 200 аз “Tajik Air”  иттилои бештар гиранд.

Тавсия дода шудааст, ки мусофирон аз парвозҳои наздиктарин барои сафар ба Русия истифода кунанд. Ҳавопаймои “Somon Air”-у “Tajik Air” бозпас аз Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳҳо дармондаанд, ба Ватан меоранд.  

Русия ба муҳоҷирон имкон дод, ки бе убури марз муҳлати будубошашонро тамдид кунанд

Ин дар ҳолест, ки ахиран Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъйид кард, ки аз 20 март қабули парвозҳои байналмилалӣ дар пойтахт мутаваққиф мешавад. Гуфта мешавад, ин маҳдудият дар ҳамаи фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ки ба қабули парвозҳои байналмилалӣ машғуланд, роҳандозӣ мегардад.

Аз ин пештар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз маҳдудиятҳои вуруд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Русия то 1 майи соли 2020 зикр карда, таъкид намуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ҷонибҳо як қисми парвозҳои худро муваққатан қатъ намудаанд.

“Дар робита ба ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд чиптаҳои ҳавопаймоии худро, ки қаблан дастрас намудаанд, ба муҳлати дертар аз 1 майи соли 2020 иваз намоянд, ё ин ки метавонанд аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, ки чиптаҳои ҳавопаймоиро дастрас намудаанд, маблағи пардохтнамудаи худро бозпас гиранд”, - таъкид карда буд Агентӣ.