Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Амри Президент барои пешгирӣ аз коронавирус: дастур ба Прокурори генералӣ ва Расулзода

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо содир намудани як амр роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, Прокурори генералӣ ва роҳбарони  воҳидҳои сохтории  дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президентро вазифадор кардааст, то чораҳои зидди эпидемикиро пурзӯр кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Мутобиқи Амри Президенти Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID — 19) дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд.

Роҳбарии ситод ба зиммаи сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода вогузор шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

"Тибқи банди дигари Амри Президент, ҳайати ситоди ҷумҳуриявӣ, ки ба он роҳбарони тамоми вазорату идораҳои кишвар, Котиби Шӯрои амният, Прокурори генералӣ, роҳбарони  воҳидҳои сохтории  дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони "Барқи Тоҷик", "Тоҷикматлубот", ДДТТ ва дигарон шомиланд, тасдиқ гардид", - омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ба ситоди ҷумҳуриявӣ дастур додааст, ки нақшаи чорабиниҳоро оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси нав таҳия ва тасдиқ карда, иҷрои онро таъмин намояд.

Муҳим: дар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба коронавирус таҳия мешавад

Тибқи Амри Президенти Тоҷикистон, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шудааст, ки мутаносибан ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллиро барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис диҳанд.