Шаҳрвандони кадом давлатҳо дар Тоҷикистон ба карантин мераванд: ВКХ рӯйхатро нашр кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон номгӯи 16 кишварро нашр кард, ки ҳангоми шаҳрвандонаш ворид шудан ба Тоҷикистон ба карантин фиристода мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, тасмими мазкур бо қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Дар як шабонарӯз 31 ҳолат: шумораи дардмандони коронавирус дар Русия ба 147 нафар расид

Ба иттилои манба, шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар Чин, Эрон, Италия, Ҷумҳурии Корея, Афғонистон, Фаронса, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерланд, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттахидаи Америка қарор доштанд ва ба Тоҷикистон ворид мешаванд ба карантин равон карда мешаванд.

Манба мегӯяд, ин кор ба мақсади пешгирии  сироят ва паҳншавии   коронавируси нав (COVID-19) дар хоки Тоҷикистон буда шаҳрвандони омада аз кишварҳои номбурда ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд.

Мавриди зикр аст, ки чунин тасмимҳо ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавируст аст, ки қаблан аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пандемия элон шуд ва ҳоло беш аз 150 давлатро фаро гирифтааст.