Олимон нуқтаи заъфи коронавирусро пайдо кардаанд

Олимон роҳи нави воридшавиии коронавирус ба тани инсонро муаян карда, аниқ кардаанд, ки чигуна онро безарар гардонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Олимони чинӣ нуқтаи заъфи коронавируси SARS-CoV-2019-ро муаян намудаанд. Натиҷаи пешакӣ бо корҳои тадқиқотии онҳо дар сомонаи bioRxiv нашр гашта, дастраси ҳамагон шудааст.

Авиган: табибони Чин доруи муассир алайҳи коронавирусро пайдо карданд

Муттахасисон замони гузаронидани дадқиқоти илмӣ, роҳи нави воридшавии коронавирусро ба тани инсон муайян кардаанд.

Дар пайи тадқиқот олимон ба хулосае омаданд, ки SARS-CoV-2019 ба  воситаи CD14, ки он дар нӯги торҳои асабҳои ҳискунанда  ҷойгир аст, ба ҳуҷайраҳои бадани инсон ворид мешавад.

Тадқиқоти зиддивирусӣ дар шишаи меъёр   нишон доданд, ки  меплазумаб (доруе, ки дар асоси моддаҳои  ҷисми бегона)  омода мешавад, ба таври назаррас монеи воридшавии вирусҳо ба ҳуҷайраҳои тани инсон мегардад.

Олимони соҳа мегӯянд, бар асоси натиҷаҳои бадастомада,  метавонанд дорувориҳои антивирусиро барои коронавирус эҷод кунанд.

Авиган: табибони Чин доруи муассир алайҳи коронавирусро пайдо карданд

Қаблан хабарҳо шуд, ки табибони Маркази миллии рушди биотехнология Чин доруи муассире бо номи Алайҳи алайҳи маризии коронавирусро сохта, онро дар 320 маризи коронавирус озмоиш намуданд, натиҷа низ босамар будааст.
Ба гуфтаи пизишкон, нафароне, ки доруи Авиган истеъмол намуданд, таби онҳо давоми 2,5 рӯз мӯътадил шуд ва ҳамзамон давоми 4 - 5 рӯз аз сулфа кардан низ раҳо шуданд.

Зимнан, бо гузашти чаҳор рӯз маризоне, ки ин доруро хӯрда буданд, натиҷаи ташхиси онҳо манфӣ баромад ва онҳо комилан сиҳат ёфтанд.

Бар тибқи маълумоти ахир, дар ҷаҳон беш аз 220,3 ҳазор нафар мублатои маризии коронавирус мебошанд. Ҳамзамон беш аз 9 ҳазор нафар бар асари гирифтор шудан ба ин  беморӣ ҷон аз даст доданд.

Табибон то кунун тавонистанд, ки тақрибан 85,7 ҳазор нафар гирифторонро табобат кунанд.