Нахустин қурбонии коронавирус дар Маскав

Дар шаҳри Маскав нахустин фавт аз маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Марҳум 79 - сола будаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Нахустин қурбонии маризии коронавирус дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба ин маризӣ.

Сурахонӣ барои коронавирус: дар масҷиди ҷомеи Маскав шабонарӯз Қуръон хонда мешавад

Ба иттилои ситоди мазкур, марҳум нафақахӯри 79 - сола будааст. Пизишкони мегӯянд, ки пиразан аз чандин бемориҳои музмин ранҷ кашидааст.

Расонаҳо: дар сурати афзоиши мубталоёни коронавирус дар Маскав карантин эълон мешавад

Хабар дода мешавад, ки зани бемор рӯзи 13 - уми  март ба беморхона бистарӣ карда шуда ва сипас ӯро ба Беморхонаи касалиҳои  сипроятии №2 дар шаҳри Маскав интиқол доданд. Дар беморхонаи мазкур ташхиси бемор аз коронавирус мусбат баромадаст.

"Беморро аз дигар маризон ҷудо намуда ба табобати ӯро шурӯъ карданд, аммо норасоии нафаскашӣ дар ӯ шиддат гирифт", - гуфта мешавад дар хабар.

Ба гуфтаи табибон, иллати марги ӯ илтиҳоби шуш будааст. Марҳум ҳамзамон аз чанд бемории дигар ранҷ мекашидаст.

Таҳлука ҷаҳонӣ: кӣ ва барои чӣ онро оғоз бахшид ва дунёро чӣ интизор аст  

Ҳоло доираи шахсоне, ки бемор бо онҳо тамос гирифтааст, аллакай муайян гардидаанд ва табибон онҳоро зери назорати шадид қарор додаанд.

Гуфта мешавад, то ба ҳол ҳеҷ яке аз онҳо нишонаҳои шадиди ин бемориро надоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Маскав шумораи маризони коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Танҳо давоми як шабонарӯз дар Русия 33 ҳолати нави гирифторшавӣ ба бемории коронавирус сабт гардидааст. То 18 - уми марти соли ҷорӣ теъдоди маризони коронавирус дар Русия ба 147 нафар баробар буд.